«Равшан», «Истиқлол» ва «Хатлон» марҳилаи ниҳоии ҷоми Федератсияро бо ғалаба оғоз карданд – Федерация Футбола Таджикистана

«Равшан», «Истиқлол» ва «Хатлон» марҳилаи ниҳоии ҷоми Федератсияро бо ғалаба оғоз карданд

Имрӯз, 11-уми феврал, дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 баргузор шуданд.

Дар гурӯҳи “А” дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бе мушкилӣ бар “Мастчоҳ”-и Мастчоҳ бо ҳисоби калони 5 бар 2 пирӯз шуд. Дар бозии дигар “Истиқлол” бо ҳисоби 2 бар 0 КМВА-ро мағлуб кард.

Дар гурӯҳи “Б”, ки дар он се даста бозӣ мекунад, имрӯз вохӯрӣ байни дастаҳои “Барқчӣ”-и Ҳисор ва “Хатлон”-и Бохтар доир шуд. Футболбозони хатлонӣ дар ин бозӣ ба дарвозаи барқчиён 5 голи беҷавоб заданд.

Бозиҳои даври навбатии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 рӯзи шанбеи 13-уми феврал доир хоҳанд шуд.

 

Ҷоми ФФТ-2021

Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Равшан» – «Мастчоҳ» – 5:2

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 4 – аз пеналти (1:0). Муҳсин Рустамзода, 11 (1:1). Алфред Гуаве Окаи, 41 (2:1). Салоҳиддин Одиназода, 70 (2:2). Аваз Қамчинов, 80 (3:2). Шодӣ Муродов, 90 (4:2). Далер Чолов, 90+2 (5:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Кароматулло Саидов («Равшан»).

 

КМВА – «Истиқлол» – 0:2

Голҳо: Салам Ашурмамадов, 78 (0:1). Рустам Соиров, 85 (0:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣСалам Ашурмамадов («Истиқлол»).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 1 1 0 0 5-2 3
2 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 2-0 3
3 КМВА (Душанбе) 1 0 0 1 0-2 0
4 «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) 1 0 0 1 2-5 0

 

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

«Барқчӣ» – «Хатлон» – 0:5

Голҳо: Жан Гатен НД, 12 (0:1). Нуриддин Ҳамроқулов, 20 (0:2). Худойдод Узоков, 43 (0:3). Нуриддин Ҳамроқулов, 72 (0:4). Саидшо Бозоров, 78 (0:5).

Аз майдон хориҷ шуд: Меҳрубони Абдурауф («Барқчӣ»), 46 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 1 1 0 0 5-0 3
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 0 0 0 0 0-0 0
3 «Барқчӣ» (Ҳисор) 1 0 0 1 0-5 0

 

Тақвими бозиҳои боқимондаи марҳилаи гурӯҳӣ:

Даври 2-юм

13 феврал (шанбе)

Гурӯҳи «А»

10:30 – «Истиқлол» – «Мастчоҳ». Ҳисор, варзишгоҳи марказӣ

14:00 – КМВА – «Равшан». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи «Б»

10:30 – «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон». Душанбе, варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 3-юм

15 феврал (душанбе)

Гурӯҳи «А»

10:30 – «Мастчоҳ» – КМВА. Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

14:00 – «Равшан» – «Истиқлол». Душанбе, варзишгоҳи марказӣ

Гурӯҳи «Б»

10:30 – «Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ». Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Назари худро бинависед