Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов бо Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода вохӯрданд.
Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода зимни вохӯрӣ бо ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ваъда доданд, ки дар мавсими нав дастаи футболи “Хатлон”-ро, ки таърихи бой дорад, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
“Хатлон”, дастест, ки таърих ва анъанаҳои пуршарафи футбол дорад. Соли гузашта “Хатлон” муддати дароз дар чемпионат пешсаф буд ва дар охири мавсим дар ҷадвали мусобиқа ҷои панҷумро ишғол кард. Ғайр аз он, “Хатлон” дар Ҷоми миллӣ ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт. Мо дар мавсими нав дастаро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳем кард», – гуфт раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода.
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ба раиси шаҳри Бохтар барои дастгирии “Хатлон” дар давраи душвори пандемия изҳори миннатдорӣ намуда, ба даста дар мавсими нави футбол муваффақият орзу намуд.