Тибқи натоиҷи қуръакашии даври аввали мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 оид ба футболи бонувон, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» қарор гирифта, бо тимҳои Филиппин, Ҳонконг ва Покистон бозӣ хоҳад кард.
Дар даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпии соли 2024 26 дастаи занона ба ҳафт гурӯҳ тақсим мешаванд: панҷ гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ва ду гурӯҳ иборат аз се даста. Бозиҳои даври аввал аз 3 то 11 апрел баргузор мешаванд.
Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки онҷо панҷ дастаи беҳтарин дар Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба рақобат ҳамроҳ мешаванд.
Чаҳор дастаи беҳтарини даври дуюми интихобӣ (се ғолиби гурӯҳ ва беҳтарин дастае, ки ҷойи дуюмро ишғол кардааст) дар даври сеюми интихобӣ бо ҳам вомехӯранд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳо ба ду ҷуфт тақсим шуда, ду бозигӣ – дар хона ва дар меҳмонӣ баргузор мекунанд. Ғолибони ҷуфтҳо ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Парижро ба даст меоранд.
Натиҷаи қуръакашии даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024:
Гурӯҳи «А»: Ӯзбекистон, Урдун, Тимори Шарқӣ, Бутан.
Гурӯҳи «В»: Мянмар, Эрон, Бангладеш, Малдив.
Гурӯҳи «С»: Ветнам, Непал, Фаластин, Афғонистон.
Гурӯҳи «D»: Тайланд, Муғулистон, Сингапур, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Ҳонконг, ТОҶИКИСТОН, Покистон.
Гурӯҳи «F»: Тайбейи Чин, Индонезия, Лубнон.
Гурӯҳи «G»: Ҳиндустон, Қирғизистон, Туркманистон.