Петр Сегрт: «Ҷоми Наврӯз-2022» – марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт: «Ҷоми Наврӯз-2022» – марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 аст»

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт интизориҳои худро аз мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022», ки аз 25 то 29 март дар Намангон баргузор мешавад, иброз дошт. Дар даври ниманиҳоии мусобиқот пагоҳ, 25-уми март тими мо бо тими миллии Уганда бозӣ мекунад.

 

Петр СЕГРТ, сармураббии тими миллии Тоҷикистон:

– Пеш аз ҳама ҳамаро бо Иди Наврӯз табрик гуфта, ба Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон барои истиқболи гарми дастаи мо – аз вохӯрӣ дар сарҳад сар карда, то шароит дар меҳмонхона ва майдонҳои тамринӣ – ҳамааш хуб аст.

Мусобиқа дар Намангон як марҳилаи хуби омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки моҳи июн баргузор мешавад. 11 нафар бозингарон бо сабабхои гуногун ба хайати дастаи мо ба Намангон наомадаанд. Аммо умедворам, ки онҳо то мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё ба сафи мо бармегарданд. Ҳоло муҳим нест, ки чанд бозигар нест, зеро дар айни замон тамоми футболбозони пурқувват дар айни замон бо мо ба Намангон омадаанд.

Ҳамчун як ҳайати пурра, мо дар ин ҷо ҳамагӣ ду тамрин доштем, имрӯз машқи сеюми охирин пеш аз бозӣ бо Уганда баргузор мешавад. Мо бо чунин дастаи хубе ба мисли Уганда бозӣ дорем. Сармураббии тими миллии Уганда хеле одами хуб аст, ман ӯро хуб мешиносам. Пагоҳ мо бояд ҳама чизро дар майдон сарф кунем, то натиҷаи мусбӣ ба даст орем. Тими миллии Уганда дар раддабандии ФИФА аз мо 30 зина болотар аст. Мо Угандаро эҳтиром мекунем, ҷиҳатҳои тавонои онро медонем, каме таҳлил кардем. Аммо мо кӯшиш мекунем, ки бозии худро нишон диҳем.

Назари худро бинависед