Петр Сегрт: «Агар танқид кардан хохед, маро танқид кунед» – Федерация Футбола Таджикистана

Петр Сегрт: «Агар танқид кардан хохед, маро танқид кунед»

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт назарашро дар бораи бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» бо тими миллии Уганда баён дошт. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт ва дар зарбаҳои пеналтӣ иқболи дастаи Уганда омад кард (5:4).

Петр СЕГРТ, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

– Пеш аз ҳама дастаи Угандаро бо пирӯзӣ дар силсилаи пеналтӣ табрик мегӯям. Албатта мо хушҳол нестем. Мағлуб шудан аз пеналтӣ дучанд дарднок аст. Бачаҳо хеле ноумед шуданд, аз ҷумла ман. Аммо мо бояд бархоста ба бозии оянда омода шавем. Фикр мекунам, ки дар бозии аввал таҳти роҳбарии ман хуб бозӣ кардем. Ман мехоҳам ба ҳар як бозигар барои муносибати онҳо ҳам дар майдон ва ҳам берун аз он миннатдорам. Фаромӯш накунед, ки Уганда дар раддабандии ФИФА аз мо 30 зина болотар аст, аммо мо имрӯз инро дар майдон дарк накардем.
Мехоҳам аз мухлисони тими миллии Тоҷикистон узр пурсам. Тамоми бозигарон дар майдон ҳунари худро нишон дода, зиёд ҳаракат карданд. Эрод нисбати онҳо надорам. Агар бозигар аз зарбаи ҷаримавӣ гол зада натавонад, ин масъулияти ман аст ва ман гунаҳкорам. Алиҷони Айнӣ бозигари ҷавон аст, ояндаи футболи тоҷик аст. Агар касе хоҳиши интиқод кардани тими миллии Тоҷикистонро барои шикасти имрӯза дар зарбаҳои пеналтӣ дошта бошад, омада маро интиқод кунанд, зеро китфи васеъ дорам ва ба интиқод тоб оварда метавонам.

Агар дар бораи бозӣ сухан ронем, пас мо аз футболбозони тими миллии Уганда танҳо аз руи маълумотҳои антропометрӣ, яъне аз чихати қад пастар будем, ки онхо аз меъёр гол заданд. Аммо баъди голи задашуда аксуламали футболбозони мо афсонавӣ буд – онҳо зуд ба ҳам гирд омада, назорати тубро барқарор карданд ва ба дарвозаи ҳариф хатар ба вуҷуд оварданд. Дар назди мураббии нав, варзишгоҳи нав ва мухлисони зиёд, ман ба бозигарон барои вокуниши хуб ба Уганда ташаккур мегӯям. Мо зуд бозгаштем, аммо довар бо сабаби офсайд голи моро бекор кард. Ман намедонам, ки офсайд буд ё не, мо бояд сабти бозиро тамошо кунед. Умуман, доварон имрӯз бозии хуб гузаронданд.

Баъди баробар шудани ҳисоб мо имкониятҳои командаро дидем, ки бозингарони гузаранда чӣ гуна хислатҳо доранд – як-ду-се. Камбудии мо дар он буд, ки голи дуюмро зада натавонистем. Боварӣ дорам, ки агар голи дуюмро мезадем, ғолиб мешудем.

Мехоҳам ба ҳамаи мухлисоне, ки ба варзишгоҳ омада буданд, рақиб ва мураббии ӯ, доварон, ба бозигаронам, ки бозии хуб гузарониданд, инчунин ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастгирӣ ташаккур мегӯям. Фаромуш накунед, ки ҳадафи асосии мо нишон додани футболи хуб буд ва ба фикрам имрӯз ин корро кардем. Вазифаи асосии мо роҳ ёфтан ба Ҷоми Осиё-2023 аст.

Пеш аз бозӣ бо Уганда мо бо ҳайати умумӣ дар Намангон ҳамагӣ се тамрин гузаронидем. Ва дар чунин муддати кутох тағйир додани фалсафаи бози хеле душвор аст. Ман мехоҳам ба бозингарон ташаккур гӯям, ки онҳо то чӣ андоза зуд омӯхтанд. Дар ин рӯзҳо ман ҳатто ба онҳо фишор меовардам, мехостам бубинам, ки онҳо чӣ гуна мубориза мебаранд, аммо бозигарон тоб оварданд, офарин.

Ҳар як бозигар имкони бозӣ дар тими миллии Тоҷикистонро дорад. Онҳо танҳо бояд ба ман исбот кунанд, ки онҳо сазоворанд. Агар футболбозони ҳозира ҳамон гуна бозӣ кунанд, ки дар муқобили Уганда бозӣ карданд, ман бояд дар бораи он фикр кунам, ки оё чизеро тағир додан лозим аст.

Назари худро бинависед