Пеш аз оғози мусобиқаи CAFA-2022 (U-16) нишасти хабарӣ доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Пеш аз оғози мусобиқаи CAFA-2022 (U-16) нишасти хабарӣ доир мешавад

Ба диққати рӯзноманигорон! Пагоҳ, 12 май, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба оғози чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 16-сола нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00 дар назар аст.

Ба саволҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон посух медиҳанд.

Қабл аз шуруи нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон метавонанд барои инъикоси мусобиқа рухсатномаи аккредитатсионӣ гиранд.

Барои маълумоти муфассал ба рақамҳои зерин муроҷиат кунед: 918667387.

Назари худро бинависед