Парвиз Умарбоев ба задани гол муваффақ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Парвиз Умарбоев ба задани гол муваффақ шуд

Ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Парвиз Умарбоев, ки дар ҳайати “Локомотив”-и Пловдиви Булғористон баромад мекунад, дар мусобиқа барои ҷоми ин кишвар ба задани гол муваффақ шуд.

Дар бозии марҳилаи 1/16 ниҳои Ҷоми Булғористон дастаи Умарбоев бар “Загоретс” бо ҳисоби 4 мбар 3 пирӯзӣ ёфт, ки Парваизҷон Умарбоев муаллифи яке аз голҳои дастааш гашт.

Назари худро бинависед