Парвизҷон Умарбоев фаъолияташро дар ССКА 1948-и София идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Парвизҷон Умарбоев фаъолияташро дар ССКА 1948-и София идома медиҳад

Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев фаъолияти худро дар чемпионати Булғористон идома медиҳад.

Умарбоев ҳамчун футболбози озод аз дастаи «Локомотив Пловдив», ки аз соли 2016 инҷониб дар ҳайати он бозӣ мекард, ба ССКА 1948 гузашт.

Дар оғози мавсими нави чемпионати Булғористон бошгоҳи нави Парвизҷон Умарбоев дар се бозии анҷомдода панҷ имтиёз ба даст овард.

Бояд гуфт, ки Умарбоев аз соли 2015 дар тими миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 35 бозӣ гузаронида, муаллифи 7 гол шудааст.

 

Назари худро бинависед