Пагоҳ рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муайян мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муайян мешаванд

Фардо, 11 май дар Доҳа маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад, ки дар натиҷаи он тими миллии Тоҷикистон рақибони худро муайян месозад. Оғози қуръакашӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе. 

Дар ин чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ва менеҷери тими миллии кишвар Беҳрӯз Айниддинзода ширкат мекунанд.

Дар ҷараёни қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон дар сабади чаҳорум қарор дорад ва яқинан дар қисми ниҳоии мусобиқот дар як гурӯҳ бо Ҳиндустон, Тайланд, Малайзия, Ҳонконг ва Индонезия бозӣ намекунад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 дастаӣ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

 

🏆 Таркиби сабадҳо барои қуръакашии қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2023:

Сабади 1️:

🇶🇦 Қатар

🇯🇵 Ҷопон

🇮🇷 Эрон

🇰🇷 Кореяи Ҷанубӣ

🇦🇺 Австралия

🇸🇦 Арабистони Саудӣ

 

Сабади 2️:

🇮🇶 Ироқ

🇦🇪 АМА

🇴🇲 Уммон

🇺🇿 Ӯзбекистон

🇨🇳 Чин

🇯🇴 Урдун

 

Сабади 3️:

🇧🇭 Баҳрайн

🇸🇾 Сурия

🇵🇸 Фаластин

🇻🇳 Ветнам

🇰🇬 Қирғизистон

🇱🇧 Лубнон

 

Сабади 4️:

🇮🇳 Ҳиндустон

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇹🇭 Таиланд

🇲🇾 Малайзия

🇭🇰 Ҳонконг

🇮🇩 Индонезия

Назари худро бинависед