Пагоҳ нишасти матбуотии пеш аз бозиҳои даври ниҳоии Ҷоми КФО-2022 доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ нишасти матбуотии пеш аз бозиҳои даври ниҳоии Ҷоми КФО-2022 доир мешавад

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! Пагоҳ, 29-уми июн, дар толори Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе нишасти матбуотии пеш аз бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «Е» баргузор мешавад.

Дар ин чорабинӣ сармураббиёни бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон), «Алтин Асир» (Туркманистон), КМВА (Тоҷикистон) ва ҳамзамон як бозигарӣ аз ҳар даста ширкат мекунанд. Нишасти матбуотӣ соати 11:00 оғоз мешавад.

Барои маълумоти бештар ба рақамҳои зерин муроҷиат кунед: (+992) 918667387 (Фаридун Солиев).

 

Ҷоми КФО-2022

Гурӯҳи «Е». Даври 3

Вақт ва иштирокчиёни нишасти матбуотӣ:

«Суғдиёна» Ӯзбекистон) – соати 11:00

Сармураббӣ – Улуғбек Бақоев.

Бозигар – Ҷавоҳир Қаҳрамонов.

 

«Алтин Асир» (Туркманистон) – соати 11:15

Сармураббӣ – Язгулӣ Хоҷагелдиев.

Бозигар – Мурат Аннаев.

 

«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – соати 11:30

Сармураббӣ – Нурбек Жолдошов.

Бозигар – Турсуналӣ Рустамов.

 

КМВА (Тоҷикистон) – соати 11:45

Сармураббӣ – Амин Субҳонӣ Холис.

Бозигар – Шарафҷон Солеҳов.

Назари худро бинависед