Пагоҳ дар Тоҷикистон чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонон (U-20) оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ дар Тоҷикистон чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонон (U-20) оғоз мешавад

Пагоҳ, 21 май дар Тоҷикистон чаҳорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад. Панҷ даста – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Туркманистон ва Афғонистон барои медалҳо мубориза мебаранд.

Дар остонаи оғози мусобиқот дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе имрӯз, 20 май ҷаласа баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои умумии ташкилӣ ва муҳимтарин нуктаҳои низомнома баррасӣ шуданд.

Бозиҳои чемпионати CAFA-2023 дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода баргузор мешаванд. Панҷ бозиро варзишгоҳи КМВА-и пойтахт ва панҷ вохӯрии дигарро варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода мизбонӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали мусобиқот рӯзи 21 май дар варзишгоҳи КМВА дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон вомехӯранд. Вохӯрии дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена» доир мешавад. Бозиҳо соати 17:00 оғоз мегарданд.

Тибқи низомномаи мусобиқот ҳар як даста дар як давр бо ҳам бозӣ мекунанд. Тими ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

 

🏆 Чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)

 Иштирокчиён:

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇮🇷 Эрон

🇺🇿 Ӯзбекистон

🇦🇫 Афғонистон

🇹🇲 Туркманистон

 

⚽️ Даври 1

📅 21 май (якшанбе)

️ 17:00 – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇮🇷 Эрон. 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

️ 17:00 – 🇹🇲 Туркманистон – 🇦🇫 Афғонистон. 🏟 Душанбе, варзишгоҳи КМВА

 

⚽️ Даври 2

📅 22 май (душанбе)

️ 17:00 – 🇦🇫 Афғонистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН. 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

️ 17:00 – 🇹🇲 Туркманистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон. 🏟 Душанбе, варзишгоҳи КМВА

 

⚽️ Даври 3

📅 24 май (чоршанбе)

️ 17:00 – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇹🇲 Туркманистон. 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

️ 17:00 – 🇮🇷 Эрон – 🇦🇫 Афғгонистон. 🏟 Душанбе, варзишгоҳи КМВА

 

⚽️ Даври 4

📅 26 май (ҷумъа)

️ 17:00 – 🇮🇷 Эрон – 🇹🇲 Туркманистон. 🏟 Душанбе, варзишгоҳи КМВА

️ 17:00 – 🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН. 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

 

⚽️ Даври 5

📅 28 май (якшанбе)

️ 10:30 – 🇦🇫 Афғонистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон. 🏟 Душанбе, варзишгоҳи КМВА

️ 17:00 – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇮🇷 Эрон. 🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

Назари худро бинависед