Пагоҳ дар Душанбе чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 16-сола оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Пагоҳ дар Душанбе чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасони то 16-сола оғоз мешавад

Пагоҳ, 13-уми май дар Душанбе чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои наврасони то 16-сола оғоз мешавад. Панҷ даста – Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Дар арафаи оғози чемпионат имрӯз, 12 май дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи пеш аз мусобиқа баргузор гардид.

Дар бозиҳои чемпионати CAFA-2022 панҷ мутахассис аз Тоҷикистон кор мекунад. Беҳрӯзи Айниддинзода комиссари ин мусобиқа таъйин шуда, Абдураҳим Бобоев доваронро назорат мекунад. Довари ФИФА Абдулло Давлатов ва ёварони довари ФИФА Акмал Бӯриев ва Исмоил Нуралиев ҳакамии вохӯриҳоро ба ӯҳда доранд.

Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни мунтахабҳои то 16-сола аз рӯий системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 (U-16) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат мегиранд.

 

Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои наврасон (U-16)

Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон.

 

Даври 1

13 май (ҷумъа)

18:00 Ӯзбекистон – Эрон

21:00Афғонистон – Қирғизистон

 

Даври 2

14 май (шанбе)

18:00 Афғонистон – Ӯзбекистон

21:00 Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 3

16 май (душанбе)

18:00 Эрон – Қирғизистон

21:00 ТОҶИКИСТОН – Афғонистон

 

Даври 4

18 май (чоршанбе)

18:00 – Эрон – Афғонистон

21:00 Ӯзбекистон – ТОҶИКИСТОН

 

Даври 5

20 май (ҷумъа)

18:00 – Қирғизистон – Ӯзбекистон

21:00 ТОҶИКИСТОН – Эрон

Назари худро бинависед