«Ҷоми рушд-2023»: мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозиро бо Русия мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

«Ҷоми рушд-2023»: мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозиро бо Русия мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» бо ҳамсолони худ аз Русия рақобат кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати тими миллии мо Раббонӣ Камолов гол зад. 

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 7 феврал наврасони мо бо тими Беларус (U-16) бозӣ мекунанд. Ин дидор дар толори футболи Минск баргузор шуда, соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

 

🏆 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» дар Минск

Гурӯҳи «В». Даври 1

🇷🇺 Русия (U-17) – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17) – 1:1

️ Голҳо: Виктор Окишор, 26 (1:0). Раббонӣ Камолов, 51 (1:1).

🏟 5 феврал. Минск.

Назари худро бинависед