Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал: имрӯз Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал: имрӯз Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бозӣ мекунад

Дар доираи қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар Кувайт имрӯз, 29-уми сентябр бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ баргузор мешаванд. 

Дар даври дуввум дар чаҳоргонаи «В» мунтахаби Тоҷикистон, ки дар оғози Ҷоми Осиё-2022 бар Баҳрайн (4:3) пирӯз шуд, бо тими миллии Ӯзбекистон вомехӯрад. Бозӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими бозиро шабакаи телевизионии «Варзиш» ба роҳ мемонад.

Ба футзалбозони тоҷик барор хоҳонем!

 

🏆 Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

⚽️ Гурӯҳи «В». Даври 2

📆 29 сентябр (панҷшанбе)

⏰ Бозӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇺🇿 Ӯзбекистон

🏟 Кувайт, Маҷмааи варзишии «Саъд ал Абдулло»

Назари худро бинависед