Ҷоми КФО-2022: КМВА 10 нафара аз «Суғдиёна» шикаст хӯрд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2022: КМВА 10 нафара аз «Суғдиёна» шикаст хӯрд

Дар даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «Е» барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе, ки тақрибан тамоми қисми дуюми вохӯриро даҳ нафара бозӣ кард, аз ноибқаҳрамони Ӯзбекистон дастаи «Суғдиёна» бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Аз ҳайати дастаи шаҳри Душанбе Элчибек Рашидбеков ва Хуршед-Тимур Ҷӯраев гол заданд. Шоҳрӯз Норхонов аз ҳайати «Суғдиёна» ба номаш дубл сабт кард. Як голи дигарро Ҷасур Ҳасанови 38-сола ба самар расонд.

Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Е» қаҳрамони Туркманистон «Алтин Асир» бар барандаи Ҷоми Қирғизистон дар мавсими гузашта «Нефтчӣ»-и бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард. Муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар Мурат Аннаев гардид, зарбаи ҷаримавии 11 метраро вориди дарвоза намуд. Ҳамин тариқ, пас аз ду даври бозӣ «Суғдиёна» шаш имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст. «Алтин Асир» 4 хол ва КМВА як хол дорад.

Тақдири ҷойи аввали гурӯҳ 30-юми июн паз аз рақобати дастаҳои «Суғдиёна» ва «Алтин Асир» муайян мегардад. Барои баромадан ба даври навбатии мусобиқот бошгоҳи Ӯзбекистонро ҳисоби мусовӣ қаноат мекунад, дар ҳоле ки «Алтин Асир»-ро барои идомаи мубориза дар Ҷоми КФО танҳо пирӯзӣ лозим аст.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 КМВА-и Душанбе рӯзи 30-юми июн бо тими «Нефтчӣ» бозӣ мекунад. Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 22:00 оғоз мегардад.

 

Ҷоми КФО- 2022

Гурӯҳи «Е». Даври 2

КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) – 2:3

Голҳо: Шоҳрӯз Норхонов, 3 (0:1). Элчибек Рашидбеков, 31 (1:1). Ҷасур Ҳасанов, 45 (1:2). Шоҳрӯз Норхонов, 46 (1:3). Хуршед-Тимур Ҷӯраев, 50 – аз пеналтӣ (2:3).

КМВА (Душанбе, Тоҷикистон): Азамат Аҳмедов (Ҳусниддини Маҳмадалӣ, 50), Алишер Сафаров, Комрон Мирзонажод (Хуршед Абдуллоев, 82), Хуршед-Тимур Ҷӯраев (Абдулло Шарипов, 57), Элчибек Рашидбеков (Шарафҷон Солеҳов, 57), Наврӯз Рустамов, Комрон Иброҳимов, Вайсиддин Сафаров (Изатулло Рӯзиев, 57), Ҷонибек Шарипов, Сергей Доронин.

Аз майдон ронда шуд: Наврӯз Рустамов (КМВА), 53 – ду корти зард.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Шоҳрӯз Норхонов («Суғдиёна»).

Довари марказӣ: Холид Марҳун Сулаймон Ал Шаксӣ (Уммон).

27 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 6300 тамошобин.

 

«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 0:1

Гол: Мурат Аннаев, 34 – аз пеналтӣ.

Беҳтарин бозигари бозӣ: Мурат Аннаев («Алтин Асир»).

Довари марказӣ: Нго Дуй Лан (Ветнам).

27 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 801 тамошобин.

 

Даври 3-юм

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)

Назари худро бинависед