Ҷоми КФО-2022: имрӯз КМВА бо «Алтин Асир» бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2022: имрӯз КМВА бо «Алтин Асир» бозӣ мекунад

Дар шаҳри Душанбе имрӯз, 24 июн, марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар минтақаи марказӣ дар чаҳоргонаи «Е» оғоз мешавад.

Барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон КМВА-и Душанбе дар нахустин бозии худ дар Ҷоми КФО-2022 бо қаҳрамони Туркманистон дастаи «Алтин Асир» рақобат мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 22:00 оғоз мегардад.

Ҳамаи мухлисони футболро барои дастгирии дастаи мо ба варзишгоҳ даъват менамоем! Ба КМВА-и Душанбе дар бозӣ бо «Алтин Асир» муваффақият таманно дорем!

 

Ҷоми КФО-2022

 Гурӯҳи «Е». Даври 1

24 июн (ҷумъа)

Оғоз – соати 22:00

«Алтин Асир» (Туркманистон) –  КМВА (ТОҶИКИСТОН)

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед