Дар нишасти хабарии пеш аз бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи “Д” байни ду дастаи футболи Тоҷикистон – “Истиқлол” (Душанбе) ва “Хуҷанд” (Хуҷанд) сармураббии дастаи соҳили Сирдарё, мутахассиси серб Никола Лазаревич ва ниммуҳофизи даста, легионери узбекистонӣ Санҷар Рихсибоев ба пурсиши рӯзноманигорон посух гуфтанд.
Никола ЛАЗАРЕВИЧ, сармураббии «Хуҷанд»:
– Ба мо лозим аст, ки бозии хуби худро нишон диҳем. Дар марҳилаи гурӯҳӣ ҳар як гол ва ҳар як хол нақши муҳим доранд. Афсӯс, ки вобаста ба вазъият бозӣ бе иштироки тамошобинон мегузарад ва мо, албатта набудани мухлисони худро эҳсос мекунем. Мо ба мухлисони худ одат кардем, зеро онҳо дар ҳама ҷо ҳамроҳи мо ҳастанд. Имкон дорад, ки набудани мухлисон дар варзишгоҳ вазъияти дигарро ба амал меорад ва он ба бозии рақиби мо ҳам бе таъсир намемонад.
Санҷар РИХСИБОЕВ, ниммуҳофизи «Хуҷанд»:
– Мо бозиҳои “Истиқлол”-ро тамошо карда, омӯхтем. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дастаи пурқуввате дар муқобили мо истодааст. Ба мо лозим аст, ки кӯшиш кунем, то бозии хуби худро намоиш дода, натиҷаи дилхоҳро соҳиб шавем. Мо ба ҳар як бозӣ бо мақсади ғалаба вориди майдон мегардем.