Имрӯз, 16-уми май дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода баррасӣ шуданд.
– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5 банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» – «Истиқлол» (30 апрел), тими «Равшан» барои риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа, ки назди варзишгоҳҳо ва бошгоҳҳо гузошта шудаанд, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 6, банди 4-и Кодекси интизомии ФФТ пас аз анҷоми бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Ҳосилот» – «Эсхата» (29 апрел), сармураббии дастаи «Эсхата» Игор Суров барои интиқоди оммавӣ нисбати доварон дар ВАО, дар ҳоле ки дар протокол шикоят нисбати сатҳи доварӣ дарҷ нагардидааст, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 25-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Ҳосилот» – «Эсхата» (29 апрел), бозигари дастаи «Эсхата» Бахтиёр Зарипов барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 28.1.2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – КМВА (4 май), бозигари тими «Хуҷанд» Тони Бикатал барои рафтори дағалона аз 4 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Регар-ТадАЗ» – «Куктош» (5 май), дастаи «Регар-ТадАЗ» барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 6, банди 4-и Кодекси интизомии ФФТ пас аз анҷоми бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Истиқлол» – «Хатлон» (10 май), сармураббии дастаи «Хатлон» Аслиддин Ҳабибуллоев барои интиқоди оммавӣ нисбати доварон дар ВАО, дар ҳоле ки дар протокол шикоят нисбати сатҳи доварӣ дарҷ нашудааст, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима шуд.
– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5, банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ байни дастаҳои лигаи олӣ «Куктош» – «Эсхата» (13 май), дастаи «Куктош» барои риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа, ки дар назди варзишгоҳҳо ва бошгоҳҳо гузошта шудаанд, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» – «Ҳосилот» (10 май), тими «Равшан» барои риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқот, ки назди варзишгоҳҳо ва бошгоҳҳо гузошта шудаанд, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои риоя накардани банди 5 банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Ҳосилот» – «Истиқлол» (14 май), дастаи «Ҳосилот» барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Истиқлол» – «Хатлон» (9 май), бозигари тими «Истиқлол» Саидисроил Саидов барои гуфтани суханони қабеҳ нисбат ба ҳариф аз 2 бозӣ маҳрум шуд.
– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5, банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Ориён» – «Шодмон» (29 апрел), ба дастаи «Ориён» (Исфара) барои риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа, ки дар назди варзишгоҳҳо ва бошгоҳҳо гузошта шудаанд, огоҳӣ дода шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 36-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Равшан» (Зафаробод) – «Саройкамар» (5 май), ба тими «Саройкамар» барои дағалона вайрон кардани талабот ва шартҳои низомномаи мусобиқа бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 дода шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Ҳулбук» – «Моҳир» (5 май), тими «Ҳулбук» барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5, банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Шодмон» – «Панҷшер» (7 май), дастаи «Шодмон» барои риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа, ки дар назди варзишгоҳҳо ва бошгоҳҳо гузошта шудаанд, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Шодмон» – «Панҷшер» (7 май), бозигари тими «Шодмон» Раҷабалӣ Сафаров барои гуфтани суханони қабеҳ нисбат ба масъулин ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5 банди 5-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии дастаҳои лигаи якум «Моҳир» – «Равшан» (11 май), ба дастаи «Равшан» (Зафаробод) барои ҳозир нашудан ба вохӯрӣ бохти техникӣ бо ҳисоби 0:3 дода шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи якум «Ориён» – «Ҳулбук» (11 май), тими «Ориён» (Исфара) барои риоя накардани шарту талаботи низомномаи мусобиқа, ки назди варзишгоҳу бошгоҳҳо гузошта шудаанд, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.