Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи кумитаи доварон баргузор гардид, ки дар натиҷа доварони бозии даври шонздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Файзканд» ҷазо дода шуданд.
Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз омӯзиши наворҳои видеоии бозӣ ба хулосае омад, ки довари марказӣ Насрулло Кабиров ва ёвари ӯ Исмоил Нуралиев ба чанд иштибоҳ роҳ додаанд, ки ба натиҷаи вохӯрии «Хуҷанд» ва «Файзканд» (3:0) таъсир расонид.
Бар асоси ин, доварон Насрулло Кабиров ва Исмоил Нуралиев аз доварии тамоми бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барои ду давр маҳрум шуданд.
Илова бар ин, дар ҷаласаи кумитаи доварони ФФТ шикояти бошгоҳи футболи «Истиқлол» дар мавриди доварӣ (ба андешаи бошгоҳи шаҳри Душанбе довари марказӣ ду бор пеналти таъйин накардааст) дар бозии даври шонздаҳум бо тими «Истаравшан» (1:1) баррасӣ шуд.
Кумитаи доварони ФФТ пас аз баррасии маводи видеоии ин вохӯрӣ тасмим гирифт, ки иддаои тими «Истиқлол» беасос аст – довари марказӣ Абдулло Давлатов дар дақиқаҳои 11 ва 68-уми вохӯрӣ қарори дуруст бароварда, ба дарвозаи “Истаравшан” зарбаи ҷаримавии 11 метра таъйин накардааст.