12 январ дар Доҳа ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё оид ба футбол оғоз мешавад, ки дар он 24 даста, аз ҷумла тими миллии Тоҷикистон, рақобат мекунад.
Дар Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар кишвари моро ҳамзамон теъдоде аз кормандони Федератсияи футболи Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии ФФТ Давлатманд Исломов яке аз комиссарони бозиҳои қисмати ниҳоии мусобиқа тайъин гардид. Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ба рӯйхати ҳакамоне, ки дар бозиҳо доварӣ мекунанд, шомил шуд. Сардори раёсати доварон ва нозирони ФФТ ба ҳайси фитнесс-инструктори доварон кор мекунад.
Ба ҷуз ин, боз се намояндаи Тоҷикистон – роҳбари Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, маркетологи ФФТ Ҷаҳонгир Мирзоев ва сардори шуъбаи баргузории мусобиқаҳои Лигаи футболи кишвар Фаридун Аттоев ба ҳайати кумитаи тадорукоти маҳаллии Ҷоми Осиё-2023 шомил мешаванд.