Мунтахаби Тоҷикистон тамринҳоро дар Абу-Даби шуруъ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон тамринҳоро дар Абу-Даби шуруъ кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии дӯстона бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб нахустин тамринҳоии худро дар Абу-Даби анҷом дод.

Таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар гурӯҳи умумӣ 22 бозигар ба машқҳо ҷалб карда шуд. Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов ва Далер Имомназаров аз рӯйи барномаи инфиродӣ кор карданд.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар варзишгоҳи “Ал-Наҳаён”-и Абу-Даби баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед