Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар остонаи вохӯрии дӯстона бо тими миллии Сурия дар Дубай тамрини пеш аз бозӣ анҷом дод. Ин рақобат 1 июн соати 19:45 ба вақти маҳаллӣ (20:45 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.
Дастпарварони Петр Сегрт машғулиятҳои яксоатаро бо ҳайати комил доир карданд. Пас аз бадангармкунӣ ва маҷмӯи машқҳои дав, бозигарон бо тӯб кор карданд. Футболбозон ҷанбаи тактикӣ-техникӣ, муносибати ҳамдигарӣ ва ҳолати муқаррариро дар майдон такмил доданд.
Қобили зикр аст, ки тибқи муқаррароти ФИФА ҳимоятгарони мо Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов бинобар гирифтани корти сурх дар вохӯрӣ барои ҷойи севум дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Наврӯз-2022 бо тими Қирғизистон (1:0), ки моҳи март дар Намангон доир шуда буд, дар бозии рафиқонаи интизор бо тими миллии Сурия ширкат намекунанд.