Мунтахаби тоҷикистон тамринҳои пеш аз бозӣ бо тими миллии Кувайтро баргузор намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби тоҷикистон тамринҳои пеш аз бозӣ бо тими миллии Кувайтро баргузор намуд

Дар остонаи бозии дӯстона бо тими миллии Кувайт мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт тамринҳои пеш аз бозиро анҷом дод.

Машқҳои ниҳоии мунтахаби миллии мо пеш аз бозӣ бо дастаи Кувайт дар варзишгоҳи «Тамир», ки бошгоҳи футболи «Ал-Салмия» инҷо бозиҳои хонагии худро мегузаронад, доир шуданд.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон рӯзи 28 март дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Кувайт баргузор шуда, соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:59 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📅 28 март (сешанбе)

🕰 Оғоз – соати 23:59 ба вақти Душанбе

🇰🇼 Кувайт – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Ал-Кувайт, Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмад

Назари худро бинависед