Мунтахаби Тоҷикистон соли 2023-ро дар зинаи 106-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон соли 2023-ро дар зинаи 106-уми раддабандии ФИФА ҷамъбаст намуд

Имрӯз, 21 декабр Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) раддабандии охирини тимҳои миллиро дар соли 2023 нашр кард.

Дар он тими миллии Тоҷикистон бо 1195,07 имтиёз дар ҷойи 106-ум қарор гирифтааст. Миёни намояндагони КФО мунтахаби мо дар зинаи 19-ум ҷой дорад. Як сол пеш яккачини Тоҷикистон дар зинаи 108-уми раддабандии ФИФА қарор дошт.

Дар маҷмуъ, дар як соли охир тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт 9 бозӣ анҷом дода, дар 3 бозӣ пирӯз шудааст (Сингапур – 2:0, Малайзия – 2:0, Покистон – 6:1), чор бозиро мусовӣ анҷом дода (АМА – 0:0, Туркманистон – 1:1, Уммон – 1:1 ва Урдун – 1:1), дар ду рақобат (Кувайт – 1:2, Ӯзбекистон – 1:5) шикаст хӯрдааст.

Рейтинги навбатии ФИФА 15 феврали соли 2024 нашр мешавад.

Назари худро бинависед