Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 22 март барои баргузории бозии дӯстона бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб ба Абу-Даби меравад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 22 март барои баргузории бозии дӯстона бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб ба Абу-Даби меравад

Субҳи 22 март мунтахаби Тоҷикистон барои анҷоми бозии дӯстона бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб, ки 25 март баргузор мешавад, ба Абу-Даби сафар мекунад.

Мунтахаби мо ба ҷуз аз бозӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март бо тими Кувайт низ рақобати санҷишӣ доир хоҳад кард. Ин вохӯрӣ рӯзи 28 март дар шаҳри Кувайт баргузор мешавад.

Барои ин бозиҳо 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.

 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Амороти Муттаҳидаи Араб (25 март) ва Кувайт (28 март): 

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»); 

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»); 

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Акназаров («Анталяспор», Туркия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»); 

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»). 

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Назари худро бинависед