Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро барои бозии хонагӣ бо дастаи Арабистони Саудӣ оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро барои бозии хонагӣ бо дастаи Арабистони Саудӣ оғоз кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муқобили тими миллии Арабистони Саудӣ, ки рӯзи 26-уми март баргузор мешавад, оғоз кард.

Дар тамринҳо бозигарони тими миллии Тоҷикистон нахуст дар толори варзишӣ ва баъдан дар майдони футбол кор карданд. Дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов ва нимҳимоятгар Руслан Хайлоев дар бозии дӯстонаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон муқобили тими Ветнам ширкат карданд.

Қобили зикр аст, ки бозии чоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ 26-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 шуруъ мегардад.

Назари худро бинависед