Мунтахаби Тоҷикистон охирин тамринҳои худро пеш аз бозӣ бо Мянмар анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон охирин тамринҳои худро пеш аз бозӣ бо Мянмар анҷом дод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар остонаи бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» бо тими миллии Мянмар тамрини охирини худро доир кард. 

Машқҳои пеш аз бозии дастаи мо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор шуда, 45 дақиқа идома кард. 

Комрон Турсунов ва Парвиз Боқӣ-Охунов ба дархости ниҳоии даста барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ворид нашуданд. Турсунов бинобар ҷароҳат бардоштанаш давоми даҳ рӯз ба майдон баромада наметавонад. 

Қобили зикр аст, ки тими миллии Тоҷикистон нахустин бозии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» пагоҳ 8-уми июн бо тими Мянмар анҷом медиҳад. Ин дидор дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (15:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед