Мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин бо либоси сафед бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин бо либоси сафед бозӣ мекунад

8 сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2024» муқобили тими миллии Филиппин вомехӯрад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ин вохӯриро бо либоси сафед баргузор мекунад. Дарвозабони яккачини мо бо либоси сабз ба майдон мебарояд. Тими миллии Филиппин бо либоси кабуд бозӣ хоҳад кард.

Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон фардо, 8 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 13:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Назари худро бинависед