Мунтахаби Тоҷикистон моҳи март бо дастаҳои Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт бозиҳои дӯстона баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон моҳи март бо дастаҳои Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт бозиҳои дӯстона баргузор мекунад

Тими милли Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи март ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар Дубай бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад. Пас аз се рӯз, 28 март тими миллии мо дар шаҳри Ал-Кувайт бо тими миллии Кувайт вомехӯрад.

Барои тими миллии Тоҷикистон вохӯриҳои дарпешистода яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

📅 25 март (шанбе)

🇦🇪 АМА – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Дубай, АМА

 

📅 28 март (сешанбе)

🇰🇼 Кувайт – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🏟 Ал-Кувайт, Кувайт

Назари худро бинависед