Мунтахаби Тоҷикистон машқҳои дастаҷамъонаро дар Дубай идома медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон машқҳои дастаҷамъонаро дар Дубай идома медиҳад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҷамъомади дуҳафтаинаи тамриниро дар Дубай идома медиҳад.

Ба ҳайати даста нимҳимоятгари дастаи «Локомотив»-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев пайваст. То 30 май тими миллии Тоҷикистон дар ҳайати комил дар Дубай ҷамъ мешавад.

Тамрини навбатии даста дар ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Дубай бо бадангармкунӣ оғоз шуда, пас аз он дарвозабонҳо Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов ва Сафармад Ғаффоров таҳти роҳбарии мураббии дарвозабонҳо Алишер Тӯйчиев машқро идома доданд.

Машқҳо бо бозии дуҷонибаи футболбозон анҷом ёфтанд.

Рӯзи 28 май ситоди мураббиёни тими миллӣ ба бозигарон истироҳат доданд. 29 май даста омодагиро ба бозии дӯстона бо Сурия, ки 1 июн баргузор мешавад, оғоз мекунад.

 

Назари худро бинависед