Мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро бо ғалабаи калон оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро бо ғалабаи калон оғоз кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бар тими миллии Мянмар пирӯз шуд.

Вохӯрӣ рӯзи 8-уми июн дар шаҳри Бишкек баргузор шуда, бо пирӯзии калони тими мо – 4:0 анҷом ёфт. Дубли Шервонӣ Мабатшоев ва голҳои Манучеҳр Ҷалилов ва Эҳсони Панҷшанбе ба тими миллии Тоҷикистон дар оғози марҳилаи интихобӣ се имтиёз оварданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “F” мунтахаби Қирғизистон бар тими миллии Сингапур бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Дар доираи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 11-уми июн бо тими Сингапур бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F». Даври 1

ТОҶИКИСТОН – Мянмар – 4:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 9 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 56 – аз пеналти (2:0). Шервонӣ Мабатшоев, 57 (3:0). Эҳсони Панҷшанбе, 85 (4:0).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Алиҷони Айнӣ, 65), Шервонӣ Мабатшоев (Шаҳром Самиев, 67), Эҳсони Панҷшанбе (Меҳрубон Каримов, 85), Парвизҷон Умарбоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 65), Манучеҳр Ҷалилов (Далер Имомназаров, 67).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон).

8 июн. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов. 50 тамошобин.

 

Қирғизистон – Сингапур – 2:1

Голҳо: Сон Уй Янг, 55 (0:1). Валерий Кичин, 77 – аз пеналти (1:1). Виктор Майер, 80 (2:1).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Виктор Майер (Қирғизистон).

8 июн. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқов. 7322 тамошобин.

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2

11 июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

 

Даври 3

14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед