Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» боз ҳам мусовӣ кард. Ин дафъа бо тими Уммон – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» боз ҳам мусовӣ кард. Ин дафъа бо тими Уммон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар чаҳоргонаи «А» бо тими миллии Уммон вохӯрд. Қариб тамоми қисми дуюми рақобат миллипӯшони мо даҳ нафара бозӣ карда, дар натиҷа ҳисобро – 1:1 намуданд. 

Салоҳ Ал-Яҳёӣ, бозигари тими миллии Уммон, дар дақиқаи 14-ум аз пеналти ҳисобро боз кард. Як дақиқа қабл аз анҷоми қисми аввал Ваҳдат Ҳанонов таносубро барқарор кард.

Дар оғози қисми дуюм довари рус Кирилл Левников баъди ба дасти Табрез Исломов расидани тӯб корти зарди дуюмро ба ӯ нишон дода, аз майдон хориҷ кард ва ба дарвозаи мо пеналтии дуюмро таъйин намуд. Зарбаи ҷаримавии нимҳимоятгари мунтахаби Уммон Муҳсин Солеҳ Ал-Ғасаниро дарвозабони тими мо Рустам Ятимов баргардонд. Дар вақти боқимонда футболбозони мо даҳ нафара тавонистанд натиҷаро нигоҳ доранд.

Дар бозии дигар мунтахаби Ӯзбекистон бар тими Туркманистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар ду бозӣ шаш имтиёз ба даст оварда, пеш аз муҳлат аз гурӯҳи «А» ба финали мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» роҳ ёфт. Дастаи Тоҷикистон ду хол дорад. Дастаҳои Уммон ва Туркманистон як холӣ ба даст оварданд. Акнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ тими миллии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 17 июн дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мешавад.

 

«CAFA Nations Cup-2023»

Гурӯҳи «А». Даври 2

УммонТОҶИКИСТОН – 1:1

Голҳо: Салоҳ Ал-Яҳай, 14 – аз пеналти (1:0). Ваҳдат Ҳанонов, 44 (1:1).

Пеналтиро иҷро карда натавонист: Муҳсин Солеҳ Ал-Ғасанӣ (Уммон), 54 – дарвозабон.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Амирбек Ҷӯрабоев, Алиҷони Айнӣ (Ахтам Назаров, 55), Парвизҷон Умарбоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 62), Эҳсони Панҷшанбе (Меҳрубон Каримов, 90+3), Алишер Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 62), Манучеҳр Ҷалилов (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 90+3).

Аз бозӣ ронда шуд: Табрез Исломов (Тоҷикистон), 52 – корти зарди дуюм.

Довари марказӣ: Кирилл Левников (Русия).

14 июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Пахтакор».

Назари худро бинависед