Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» иштирок мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» иштирок мекунад

Таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аввалин мусобиқа «CAFA Futsal Cup-2023» байни дастаҳои миллии футзал баргузор мешавад.

Бозиҳо аз 23 то 30 июл дар Маҷмааи варзишии универсалии Душанбе – Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ сурат мегиранд. Барои унвони пурқувваттарин тими минтақа дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон мубориза мебаранд.

Дар доираи мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» 15 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад ва дар он ҳар як даста бо ҳамдигар як бозигӣ мекунад. Тими ғолиб бодарназардошти шумораи холҳо муайян карда мешавад.

Барои тими миллии Тоҷикистон ширкат дар мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» марҳилаи омодагӣ ба қисми интихобии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 7-ум то 11-уми октябр дар Душанбе баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад. Рақибони дастаи мо дар бозиҳои интихобии қаҳрамонии Осиё мунтахабҳои Мянмар, Фаластин ва Ҳиндустон мебошанд.

 

🏆 «CAFA Futsal Cup-2023»

🔺 Иштирокчиён:

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇮🇷 Эрон

🇺🇿 Ӯзбекистон

🇰🇬 Қирғизистон

🇹🇲 Туркманистон

🇦🇫 Афғонистон

 

Даври 1

📅 23 июл (якшанбе)

🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇰🇬 Қирғизистон – 🇦🇫 Афғонистон

🇮🇷 Эрон – 🇹🇲 Туркманистон

 

Даври 2

📅 24 июл (душанбе)

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇹🇲 Туркманистон

🇮🇷 Эрон – 🇰🇬 Қирғизистон

🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇦🇫 Афғонистон

 

Даври 3

📅 26 июл (чоршанбе)

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇰🇬 Қирғизистон

🇹🇲 Туркманистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон

🇦🇫 Афғонистон – 🇮🇷 Эрон

 

Даври 4

📅 28 июл (ҷумъа)

🇦🇫 Афғонистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇰🇬 Қирғизистон – 🇹🇲 Туркманистон

🇮🇷 Эрон – 🇺🇿 Ӯзбекистон

 

Даври 5

📅 30 июл (якшанбе)

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇮🇷 Эрон

🇹🇲 Туркманистон – 🇦🇫 Афғонистон

🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇰🇬 Қирғизистон

Назари худро бинависед