Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» ширкат мекунад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» ширкат хоҳад кард. 

Дар мусобиқаи «King’s Cup 2022», ки аз 20 то 26 сентябр дар шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор мешавад, ба ҷуз аз тими миллии Тоҷикистон, яккачинҳои Тайланд, Малайзия ва Тринидад ва Тобаго ширкат мекунанд. 

Бар асоси низомномаи мусобиқот бозиҳои 1/2 ниҳоӣ 22 сентябр баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони даври ниманиҳоӣ рӯзи 25-уми сентябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

 

Назари худро бинависед