Мунтахаби Тоҷикистон дар Малайзия дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека» ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар Малайзия дар мусобиқаи «Ҷоми Мердека» ширкат мекунад

Дар доираи омодагиҳо ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби Тоҷикистон  рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека», ки дар Малайзия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқоти «Ҷоми Мердека» мунтахаби Тоҷикистон 13 октябр бо тими Фаластин бозӣ мекунад. Дар вохӯрии дигари даври 1/2 ниҳоӣ дастаҳои Малайзия ва Ҳиндустон вомехӯранд.

Ғолибони даври ниманиҳоӣ 17 октябр дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳама бозиҳои ин мусобиқа дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур доир мешаванд.

 

🏆 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека»

1/2 ниҳоӣ

📅 13 октябр (ҷумъа)

13:30 – 🇵🇸 Фаластин – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

18:00 – 🇲🇾 Малайзия – 🇮🇳 Ҳиндустон

 

📅 17 октябр (сешанбе)

13:30 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

18:00 – Финал 

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Назари худро бинависед