Мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ мекунад

Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа маълум шуд. Дар ин марҳилаи мусобиқот дастаи мо бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат мекунад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон бо касби чаҳор имтиёз дар гурӯҳи «А» мақоми дуюмро касб кард. Мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бо чаҳор имтиёз дар чаҳоргонаи «С» дуюм шуд.

Бозии 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб рӯзи 28 январ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Доҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.