Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бар тими миллии Ҳонгконг ғалаба ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бар тими миллии Ҳонгконг ғалаба ба даст овард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади тамринии Абу-Даби бо тими миллии Ҳонгконг бозии санҷишӣ анҷом дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи мо хотима  ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев заданд.

 

🤝 Бозии санҷишӣ

🇭🇰 Ҳонгконг – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 1:2

️ Голҳо: Рустам Соиров, 25 (0:1). Эвертон Камарго, 33 (1:1). Шаҳром Самиев, 51 (1:2).

🏟 4 январ. Варзишгоҳи Шайх Зайд. Абу-Даби, АМА.

Назари худро бинависед