Мунтахаби Тоҷикистон баромади худро дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон баромади худро дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» анҷом дод

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт баромади худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ анҷом дод.

Барои ҷойи сеюми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» тими Тоҷикистон бояд дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар чаҳоргонаи «А» бар тими Ӯзбекистон пирӯз мешуд. Дар қисми якуми вохӯрӣ натиҷа ба фоидаи дастаи мо – 1:0 буд. Нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 13-ум бо зарбаи зебои ҷаримавӣ ҳисобро боз кард. Вале дар нимаи дувум футболбозони тоҷик ба дарвозаашон панҷ голи беҷавоб сар доданд. Дар натиҷа яккачини Ӯзбекистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба ба даст овард.

Дар бозии дигар тими Уммон бар дастаи Туркманистон – 2:0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» мунтахаби Ӯзбекистон нуҳ имтиёз ба даст оварда, мақоми аввалро касб кард. Ҷойи дуюм насиби тими Уммон (4 хол) гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Туркманистон (1:1) ва Уммон (1:1) мусовӣ карда, бо ду имтиёз дар ҷои сеюм қарор гирифт. Тими миллии Туркманистон зинаи охиринро ишғол намуд (1 хол).

20-уми июн тимҳои миллии Уммон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм бозӣ хоҳанд кард. Дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон дар финали мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» вомехӯранд.

 

«CAFA Nations Cup-2023»

Гурӯҳи «А». Даври 3

ӮзбекистонТОҶИКИСТОН – 5:1

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 13 (0:1). Ҷасурбек Яхшибоев, 53 (1:1). Элдор Шомуродов, 56 – аз пеналти (2:1). Аббосбек Файзуллоев, 72 (3:1). Ҳоҷимат Эркинов, 83 (4:1). Остон Урунов, 90+6 – аз пеналти (5:1).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов (Содиқҷон Қурбонов, 66), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (Комрон Турсунов, 81), Шервонӣ Мабатшоев (Нуриддин Ҳамроқулов, 66), Алишер Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов 46), Парвизҷон Умарбоев (Холмурод Назаров, 81), Манучеҳр Ҷалилов (Муродалӣ Ақназаров, 87).

Довари марказӣ: Ҳасан Акрамӣ (Эрон).

17 июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Бунёдкор». 9099 тамошобин.

 

Туркманистон – Уммон – 0:2

Голҳо: Маҳмуд Ал-Мушайфрӣ, 42 (0:1). Исом Субҳӣ, 76 (0:2).

17 июн. Тошканд. Варзишгоҳи «Пахтакор». 100 тамошобин.

Назари худро бинависед