Мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозии дӯстона бо тими миллии Кувайт ба шаҳри Ал-Кувайт омад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон барои баргузории бозии дӯстона бо тими миллии Кувайт ба шаҳри Ал-Кувайт омад

Мунтахаби Тоҷикистон, ки як рӯз қабл дар шаҳри Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб (0:0) бозии дӯстона анҷом дод, имрӯз вориди Кувайт шуд.

Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон 23 бозигар қарор дорад. Ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов ба сафи бошгоҳи худ – «Персеполис»-и Эрон пайваст, ки онҷо марҳилаи барқароршавиро мегузарад.

Ҳайати дастаи мо баъди ба Эл-Кувайт омадан дар меҳмонхонаи «Миллениум» ҷой гирифт.

Бояд гуфт, рӯзи 28-уми март дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмад, ки қобилияти ғунҷоиши 60 000 тамошобинро дорад, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Кувайт ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (00:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Назари худро бинависед