Мунтахаби Тоҷикистон ба Манучеҳр Ҷалилов шифои комилу оҷил таманно кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон ба Манучеҳр Ҷалилов шифои комилу оҷил таманно кард

Мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт пеш аз бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллӣ Манучеҳр Ҷалиловро дастгирӣ кард. 

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ба Манучеҳр Ҷалилов таманниёти самимии худро ирсол карда, ба ӯ саломатӣ орзу намуд.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстонаи тимҳои миллии Сингапуру Тоҷикистон имрӯз, 8 сентябр дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Назари худро бинависед