Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Гулистон ба Ҷоми Осиё-2022 омодагӣ мебинад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Гулистон ба Ҷоми Осиё-2022 омодагӣ мебинад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев омодагиҳоро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, оғоз кард.

Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар Гулистон ҷараён дорад, 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар ҷалб шудаанд.

25-уми май дастаи мо бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Металлург»-и Бекобод баргузор шуда, соати 19:00 оғоз мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, тими Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони тими мо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3 июн), АМА (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) хоҳанд буд.

 

Ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23):

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»), Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Файзканд»);

Ҳимоятгарон: Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Муҳаммадҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду аз «Хатлон»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Шарифбек Раҳматов («Тӯрон», Ӯзбекистон), Ислом Зоиров («Истиқлол»), Кароматулло Саидов, Далер Ёдгоров, Сорбон Авғонов (ҳама аз «Хуҷанд»), Абдулмуъмин Забиров («Эсхата»), Умарҷон Шарифов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Истиқлол»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

И.в. сармураббӣ – Аслиддин Ҳабибуллоев.

Назари худро бинависед