Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии дӯстонаи дуюм бо ҳамсолони худ аз Чин мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии дӯстонаи дуюм бо ҳамсолони худ аз Чин мусовӣ кард

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев моҳи ноябр чаҳор бозии дӯстона анҷом дод.

Имрӯз дастаи олимпии мо бо мунтахаби олимпии Чин мусовӣ кард – 0:0. Қаблан дастпарварони Мубин Эргашев дар рақобати санҷишии якум бар тими Чин бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буданд.

Ҳамчунин моҳи ноябр мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Дубай ду бозии дӯстона баргузор намуд: тими Кувайтро шикаст доду (1:0) аз дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб мағлуб шуд (1:3).

Пагоҳ, 23 ноябр рақибони мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 (U-23), ки аз 15 апрел то 3 майи соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад, муайян мегардад.

Назари худро бинависед