Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тимҳои АМА ва Кувайт бозиҳои дӯстона баргузор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тимҳои АМА ва Кувайт бозиҳои дӯстона баргузор мекунад

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Дастаи олимпии мо 14 ноябр бо мунтахаби олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб ва 17 ноябр бо дастаи олимпии Кувайт рақобати санҷишӣ доир мекунад. Ҳарду бозӣ дар Дубай баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки рақибони мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 23 ноябр пас аз маросими қуръакашӣ муайян мешавад. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 15 апрел то 3 майи соли 2024 дар Қатар баргузор мегардад.

 

🤝 Бозиҳои дӯстона

📅 14 ноябр (сешанбе)

🇦🇪 АМА (U-23) – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-23)

🏟 Дубай, АМА

 

📅 17 ноябр (ҷумъа)

🇰🇼 Кувайт (U-23) – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-23)

🏟 Дубай, АМА

Назари худро бинависед