Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи «Ҳосилот» бозии санҷишӣ гузаронд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи «Ҳосилот» бозии санҷишӣ гузаронд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бозии санҷишӣ анҷом дод.

Ин вохӯрӣ 3-юми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби олимпии кишвар ҳимоятгар Ҷонибек Шарифов гол зад. Голи «Ҳосилот»-и Фархорро ҳамлагари тими миллӣ Муҳаммадалӣ Азизбоев ба номаш сабт намуд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Лаос (9 сентябр) ва Австралия (12 сентябр) мебошанд. Вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

 

Бозии санҷишӣ

Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) – «Ҳосилот» – 1:1

Голҳо: Муҳаммадалӣ Азизбоев, 16 (0:1). Ҷонибек Шарифов, 19 (1:1).

3 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Назари худро бинависед