Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 баромад! – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 баромад!

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 майи соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Дастаи олимпии Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Австралия бозиро мусовӣ – 1:1 карда, дар гурӯҳи «I» мақоми дуюмро касб намуд. Голи дастаи моро дар ин рақобат Рустам Соиров зад.

Мунтахаби мо аз рӯи натиҷаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар қатори чаҳор дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳи худ ҷои дуюмро ишғол кард, шомил шуд.

Ба ин тартиб, ғолибони 11 гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои мунтахаби то 23-сола роҳ ёфтанд. Инҳо дастаҳои олимпии Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам, Ҷопон, Ӯзбекистон, Ироқ, АМА, Тайланд, Австралия, Арабистони Саудӣ ва Индонезия мебошанд.

Дастаҳои Кувайт, Тоҷикистон, Чин ва Малайзия низ ба унвони беҳтарин дастаҳо аз зинаи дуюм ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё баромаданд.

Тими миллии Қатар ба ҳайси мизбони ин мусобиқот ба таври автоматӣ соҳиби роҳхати Ҷоми Осиё-2024 мебошад.

 

🏆 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

♦️ Гурӯҳи «I». Даври 3

🇦🇺 Австралия – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 1:1

️ Голҳо: Камерон Пеупион, 12 (1:0). Рустам Соиров, 28 (1:1).

🔝 Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Амадонӣ Камолов (🇹🇯 Тоҷикистон).

🏟 12 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 12 400 тамошобин.

Назари худро бинависед