Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаи «Ҷоми рушд-2023»-ро бо бозӣ муқобили дастаи Русия оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаи «Ҷоми рушд-2023»-ро бо бозӣ муқобили дастаи Русия оғоз мекунад

5 феврал дар шаҳри Минск мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» оғоз мешавад, ки дар он тими наврасони Тоҷикистон (U-17) низ ширкат мекунад. 

Дар оғози мусобиқот наврасони мо таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов 5 феврал бо ҳамсолони худ аз Русия бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ соати 14:50 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Пахши мустақими рақобатро шабакаи «ТВ Футбол» ба роҳ мемонад.

 

🏆 Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2023» дар Минск

Гурӯҳи «В». Даври 1

📅 5 феврал (якшанбе)

🕰 Оғоз – соати 14:50 ба вақти Душанбе

🇷🇺 Русия (U-17) – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17)

🏟 Толори футболи Минск

Назари худро бинависед