Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар «Ҷоми рушд-2023» бо дастаи Беларус мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар «Ҷоми рушд-2023» бо дастаи Беларус мусовӣ кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023», ки дар шаҳри Минск ҷараён дорад, бозии дуюмашро анҷом дод.

Дастаи Раҳматулло Фузайлов дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот дар чаҳоргонаи «В» бо тими миллии Беларус (U-16) вохӯрд. Ин рақобат бо ҳисоби – 2:2 хотима ёфт. Аз ҳайати тими миллии Тоҷикистон Хоҷӣ Абдуманон ва Диловар Ҷамшедзода гол заданд.

Қаблан ҳам дар рақобати даври аввал наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Русия (1:1) ғолибро муайян накарда буданд.

Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми рушд-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) рӯзи 9 феврал бо тими Эрон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ соати 15:20 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

 

🏆 Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2023”

Гурӯҳи «В». Даври 2

🇧🇾 Беларус (U-16) – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН (U-17) – 2:2

️ Голҳо: Ҳоҷӣ Абуманон, 6 (0:1). Диловар Ҷамшедзода, 12 (0:2). Прохор Струк, 27 (1:2). Денис Овсянников, 34 (2:2).

🏟 7 феврал. Толори футболи Минск.

Назари худро бинависед