Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2023 бо Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2023 бо Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад

Дар Тайланд имрӯз, 30-юми март маросими қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои наврасони то 17-сола баргузор шуд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, бо тимҳои Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки пас аз натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешаванд.

Назари худро бинависед