Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Давҳа бо тими Қатар боз мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Давҳа бо тими Қатар боз мусовӣ кард

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки дар шаҳри Давҳа ҷараён дорад, бозии дуюми санҷиширо анҷом дод.

Наврасони мо бо дастаи Қатар рақобати санҷишӣ доир карданд. Бозӣ дар варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммад Назриев ва Назрулло Ашӯрализода ба самар расониданд. Қаблан вохӯрии санҷишии якум тимҳои наврасони Қатар ва Тоҷикистон бо ҳисоби 3:3 ба анҷом расида буд.

Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5 апрел), Кореяи Шимолӣ (8 апрел) ва Эрон (11 апрел) нерӯ месанҷад.

Назари худро бинависед