Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонон ширкат мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонон ширкат мекунад

Аз 21 то 28 май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад.

Дар ин мусобиқа тими наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов ҳунарнамоӣ мекунад. Барои тими мо чемпионати CAFA-2023 яке аз марҳилаҳои охирини омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни наврасон шогирдони Раҳматулло Фузайлов бо тимҳои Австралия, Арабистони Саудӣ ва Чин бозӣ мекунанд.

Рақибони тими миллии Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонон тимҳои Эрон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон мебошанд. Дар маҷмуъ дар доираи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола даҳ бозӣ баргузор мешавад. Панҷ вохӯрӣ дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе ва панҷ бозии дигар дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода сурат мегиранд.

Тибқи низомномаи мусобиқот ҳар як даста дар як давр бо ҳамдигар бозӣ мекунанд. Дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.

Бояд гуфт, ки қаблан чемпионати CAFA миёни ҷавонон солҳои 2016, 2019 ва 2022 баргузор шуда буд. Дар соли 2016 тими Ӯзбекистон дар Тошканд ва солҳои 2019 ва 2022 тими Эрон дар Душанбе барандаи мусобиқот гардида буданд.

Назари худро бинависед